Доклад: Мафхум ва шаклхои азнавташкилдихи

Хукуку ухдадорихои ташкилтхои тичоратии хангоми азнавташкилдихи ба воситаи акти супоридан ва баланси таксимот гузаронида мешавад.

Акти супурдан ва баланси таксимот бояд мувофики мукаррарот оиди гузаштани хамаи ухдадорихои шахси хукукии азнавташкилшуда нисбати хамаи кредиторону карздорони у, аз чумла ухдадорихои мавриди бахси тарафайн карор доштаро хам дар бар гирифта бошад.

Акти супоридан ва баланси таксимот бояд аз тарафи муассисони ташкилоти тичорати ва макомоти давлатие ки карор дар бораи азнавташкилдихии ташкилот кабул кардааст тасдик карда мешавад. Акти супурдан ва баланси таксимот баъд аз тасдик шуданаш бо хучатхои дигари таъсисдихи барои аз кайди давлати гузаронидани ташкилоти навтаъсисдодашванда ё барои даровардани тагйиру иловахо ба хуччатхои таъсисдихии ташкилоти тичоратии мавчуда пешниход карда мешавад. Бо акти супурдан асосан дар шакли азнавташкилдихи дар шакли мутахидшави, хамрохшави ва табдилдихи шуда метавонад. Бо баланси таксимот бошад дар шакли таксимшави ва чудошави.

Якчоя бо хуччатои таъсис пешниход накардани мутобикан акти супурдан ва баланси таксимот, мукаррарот оиди гузаштани ухдадорихои шахси хукукии азнавташкилшуда боиси рад кардани бакайдгирии давлатии навтаъсис мегардад. Азбаски намудхои шахсони хукуки зиёд мебошанд мо бештар масъалахои хукукии азнавташкилдихии чамъиятхои сахомиро мавриди барраси карор медихем.

2. Проблемахое ки дар рафти азнавташкилдихи бавучуд меоянд

Умуман дар рафти азнавташкилдихи проблемахои гуногун бавучуд омаданашон мумкин аст.

1. Яке аз проблемахои мухиме ки дар рафти азнавташкилдихи диккатчалбкунанда аст ин хифзи хукук ва манфиатхои кредиторони чамъияти саххомии азнавташкилдиханда мебошад. Ин проблема барои хама шаклхои азнавташкилдихи хеле мухим мебошад. Мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ташкилот ё чамъият ухдадор аст ки дар мухлати муайяншуда кредиторонро ба таври хатти дар бораи гузаронидани азнавташкилдихи огох созад. Конунхои алохида дар бораи чамъият ва ташкилотхо ин мухлатро ба таври аник нишон додаанд. Ин мухлат 30 руз мебошад. Баъди 30 рузи кабули карор аз чониби муассисони ташкилот ё Мачлиси умуми дар бораи азнавташкидихи тамоми кредиторонро ба таври хатти огох намояд, ва дар ин бора дар нашрия маълумоти заруриро чоп намояд. Мавчуд будани ба таври хатти огохонидани кредиторон барои ворид намудани сабт оид ба катъи фаъолияти ташкилот зарури ва хатми мебошад. Проблемаи асоси дар инчо камбудии конунгузори хангоми риоя накардани дар мухлати 30 руза огохонидани кредиторон ва нашр накардани маълумот дар нашрияхо дахлдор мебошад. Окибати риоя нашудани ин шартхоро конунгузор нишон надодааст. Масалан дар мухлати 40 руз баъди кабули карор кредиторон огох карда шаванд ё ин ки тамоман огох карда нашуда бошанду лекин кредиторон оиди азнавташкилдихи аз дигар сарчашмахо маълумот гирифта бошанд. Окибати риоя накардани ин талаботхо конунгузори чизе пешбини накардааст. Агар тачрибаи давлатхои хоричаро назар афканем оиди хукуи талаб кардани ичрои пурраи ухдадори аз тарафи кредиторон ба куллу фарк дорад ва ба манфиати кор аст. Масалан: мувофики моддаи 22 конуни Германия дар бораи азнавташкилдихи кредиторон хукук доранд дар давоми 6 мох баъд аз ба кайд гирифтани муттахидшави дар реестри чои чойгиршавии ташкилот аз чамъияте ки хукукхои ташкилотро кабул намудааст бо пешниходи далелхои катъи ки муттахидшави ба хукукхои тахдид мекунад.[8] Огохинома бояд дорои маълумотхои зерин бошад:

¨ Номи ташкилоти азнавташкилшаванда;

¨ Мухлати мурочиати кредиторон;

¨ Нишона ва телефон барои мурочиат намудан.

2. Зинае дигаре ки хукуки кредиторонро химоя мекунад ин дар конунгузори додани хукук ба кредиторон оиди ба таври хатти талаб кардани rатъ ё иxрои пеш аз мeлати eдадориро, ки аз рeи он амин шахси уrуrb rарздор мебошад, инчунин талаб кардани xуброни зиёне ки ба кредиторон расонидааст. Ба акидаи баъзе аз олимон ба монанди Телюкина кредиторон метавонанд фоидаи аз даст рафтаро низ талаб кунанд.[9] Ин меъёри конунгузори принсипхои умумии ичрои ухдадори моддаи 331 КГ ЧТ номумкин будани радди яктарафаи ичрои ухдадори ва тагийр додани ухдадори мухолифат мекунад. Дар инчо бояд манфиатхои ташкилотро хам аз мадди назар дур накард. Масалан хангоми аз чониби тамоми кредиторон талаб кардани катъ ё ичрои пеш аз мухлати ичрои ухдадори, чуброни зиён, фоидаи аздастрафта метавонад ба ташкилот проблемахои дигарро пеш орад. Ташкилот мумкин кодир набошад барои пурра ичро намудани ухдадорихои худ дар назди кредиторон дар мавриди якуякбора талаби пурраи ичрои ухдадорихо аз чониби кредиторон. Ин холат ба акидае баъзе аз олимон хамчун суиистифода аз хукук маънидод карда шудааст.[10]

3. дар конунгузори меъёри алохидае, ки хангоми пайдо шудани мушкили оиди муайян кардани хукуккабулкунандаи асоси ташкилоте, ки азнавташкилдихиро гузаронидааст. Чи хеле кайд намудем тамоми хукуку ухдадорихо ба воситаи акти супурдан (агар хукуккабулкунанда якто бошад) ва баланси таксимот (агар хукуккабулкунанда бисёр бошад) ба ташкилоти дигар мегузарад. Аз руи коидахои умуми дар акти супурдан ва баланси таксимот бояд маълумот оиди кабул намудани тамоми ухдадорихои ташкилоти азнавташкилшаванда дар назди кредиторон ва карздорон вучуд дошта бошад. Нопуррагии маълумот дар акти супурдан ва баланси таксимот риоя накардан ва мусолихакори (бедиккатии) макомоти идоракунии ташкилот мебошад ва набояд ба хукук ва манфиатхои кредиторон дахолат кунад. Мушкили дар он аст, ки хукуккабулкунандагон якчандто буда, дар баъзе вакт муайян кардан мушкил аст, ки кадом хукуккабулкунанда дар назди кредитор аз руи ухдадори чавобгар аст. Дар ин холат моддаи 61 КГ ЧТ мавриди амал карор мегирад. Мувофики он агар баланси таксимот барои муайян намудани андозаи хукук ва ухдадорихои ворисони хукукии шахси хукукии азнавташкилшаванда имконият надихад, шахси хукукии навтаъсис аз руи ухдадорихои шахси хукукии азнавташкилшуда дар назди кредиторони у масъулияти муштарак доранд.

4. Дар тачриба холатхое мешавад ки аз руи баланси таксимот ба таври аник кабулкунандаи хукук нишон дода шудааст, лекин таксими амволи ташкилоти азнавташкилшаванда гайри адолатнок гузаронида шудааст: мисол ба яке кариб хамаи активхо додашудаасту ба дигаре карзхо ки аз чихати иктисоди хеле суст мебошад ва ин карзхоро бахшида наметавонад. Конунгузории амалкунанда дар бораи ин суиистифода ва суиистеъмол бевосита чизе нагуфтааст. Дар доктринахои хукуки бахс оиди беэътибор донистани баланси таксимот бо пешниход намудани даъво аз чониби кредиторон рафта истодааст. Лекин ин масъала дар ФР бо карори пленуми суди олии арбитражии ФР халли худро ёфтааст. Мувофики он хукуккабулкунандагон дар назди кредиторон ухдадории муштарак доранд агар дар баланси таксимот принсипи таксими активхо аз руи адолат вайрон шуда бошад. Ин холат мумкин аст касдона содир карда шавад барои аз карз озод шудан. Ва муфлис эътироф кардани ташкилоти дигар хангоми пардохта натавонистани карзхои кабулкардаи худ.

5. Масъалаи дигар ин хифз намудани хукук ва манфиатхо сахмдорон ва дигар иштирокчиён ба шумор меравад. Яке аз кафолати хифзи хукук ва манфиатхои сахмдорон бевосита дар конунгузори нишондода шудааст, ки мувофики он карор дар бораи азнавташкилдихи факат аз тарафи мачлиси умумии сахмдорон кабул намудани карор оиди азнавташкилдихи ва тасдик намудани санади тахвил ва шартномаи дахлдор оиди азнавташкилдихи кабул карда мешавад. ин холат дар чамъиятхои саххоми дида мешаванд. Дар инчо ба тарики овоздихи ва хангоми аз 4/3 хисаи сахмдорони сахмияхои овоздор карор кабул карда мешавад.

6. Масъалаи дигар ин хангоми кабул намудани карор оиди азнавташкилдихии чамъият бояд холатхои конунгузор ва оинномаи чамъиятро риоя кард. Ки яке аз онхо ин зинахо ё даврахои азнавташкилдихи мбошад, ки чунин сурат мегирад.

Зинаи аввал гузаронидани мачлиси Шурои директорон ки дар он масъалахои зерин:

¨ пешниход кардан ба карори мачлиси умумии сахмдорон масъалахо оиди;

¨ азнавташкидихи дар шакли муайян (муттахидшави, таксимкуни ва гайра);

¨ ба низом ва талаботхои азнавташкилдихи;

¨ ташташкил намудани чамъияти нав;

¨ тахвил додани сахмия ва дигар когазхои кимматноки чамъият;

¨ тасдик намудан дар шурои директорон накшаи баланси таксимот ва акти супурдан;

¨ тартиби огох намудани сахмдорон дар бораи гузаронидани мачлиси умумии сахмдорон;

¨ руйхати маълумотхо ки ба сахмдорон дар мачлиси умуми пешниход карда мешавад.

Зинаи дуввум: ин гузаронидани мачлиси умумии сахмдорон ки дар он карор кабул карда мешавад:

¨ дар бораи азнавташкилдихи дар шакли муайян;

¨ ташкил намудани чамъияти нав;

¨ тахвили сахмияхо ва дигар когазхои кимматнок;

¨ тасдик намудани баланси таксимот ва ё акти супурдан.

Зинаи саввум ин фиристодани хуччатхо барои аз кайди давлати гузаштани ташкилотхои навтаъсисшуда ва аз реестри ягонаи давлати дохил намудани кайд оиди катъ гаштани фаъолияти чамъияти азнавташкилшуда. Хуччатхои зарурие ки барои ба кайд гирифтани чамъияти навтаъсисшуда инхо мебошанд:

К-во Просмотров: 425
Бесплатно скачать Доклад: Мафхум ва шаклхои азнавташкилдихи